Ссылки доступа

Дар марги Ҳошимҷон Сафаров ду афсарро гунаҳкор донистанд, вале ҷонибҳо норозиянд


Хошимджон Сафаров
Хошимджон Сафаров

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ду афсари Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар марги як донишҷӯ гунаҳкор донист ва ҳар якеро мутаносибан ба 8-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Наздикони курсанти фавтида аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Айни замон пайвандони ду афсар ба бегуноҳии онҳо исрор доранд.

Ҳукми додрас нисбат ба ду фармондеҳи ротаи таълимӣ ё омӯзгорони донишкадаи олии сарҳадӣ – Рамазон Абдураҳимов ва Ҷаҳонгир Давлатов – рӯзи 22-юми сентябр эълон шуд. Онҳо ба "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ" ё "суистифода аз мақом" гунаҳкор шудаанд.

Ба гуфтаи додрас, Ҳошимҷон Сафаров, сокини 20-cолаи ноҳияи Зафаробод ва курсанти соли якуми Донишкадаи олии сарҳадии Тоҷикистон моҳи августи соли 2018 ба машқҳои саҳроӣ ҷалб шуда, аз сӯйи ду омӯзгори донишкада мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва "чунин амали омӯзгорон боис ба маргаш мешавад".

Додраси парванда таъкид кард, ки ҳарчанд Абдураҳимов ва Давлатов дар мурофиаҳои додгоҳӣ худро бегуноҳ ҳисобиданд, гуноҳи ҳардуи онҳо дар робита ба марги Ҳошимҷон Сафаров исботи худро ёфт. Нисбат ба маҳкумшудаҳо қонуни афви соли 2019 татбиқ гардида, аз се як ҳиссаи ҳукмашон кам карда шудааст.

Ҳукми додгоҳ боис ба норозигии волидони курсанти фавтида гардид ва онҳо гуфтанд, ҳукм нисбат ба омилони марги писарашон сабук аст ва аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд. Абдураҳмон Сафаров, падари Ҳошимҷон, рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хостори ҳукми сангин нисбат ба ин ду омӯзгор мебошад.

Аммо вакилони мудофеъ ва пайвандони маҳкумшудаҳо ба бегуноҳии онҳо пойфишорӣ намуда, мегӯянд, ин ду омӯзгор дар марги курсант даст надоранд.

Дар мурофиаҳои додгоҳӣ адвокатҳои маҳкумшудаҳо гуфтаанд, курсант бар асари беморӣ фавтидааст, на латукӯби омӯзгорон. Додрас ҳангоми эълони ҳукм гуфт, чунин иддао асоси худро наёфта, санадҳои тиббӣ нишон додааст, ки Ҳошимҷон Сафаров пеш аз омадан ба донишкада солим будааст.

Радиои Озодӣ моҳи марти имсол аз додгоҳӣ шудани парвандаи ин ду омӯзгор дар робита ба марги курсант Ҳошимҷон Сафаров гузориш таҳия намуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки боздоштшудаҳо дар пурсишҳои муфаттишон ва нахустин мурофиаҳои додгоҳӣ гуфтаанд, ҳеч гуноҳ надоранд ва иттиҳомот ба зидди онҳо беасос аст.

Уғулой Бобоева, вакили дифои хонаводаи Ҳошимҷон Сафаров гуфт, маҳз латукӯби курсант дар маркази таълимии Лоҳур аз сӯи ду нафар сабаби марги донишҷӯ шудааст.

Дар санаде аз парвандаи марги курсант, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, чунин навиштаанд: "Пас аз он ки курсантони соли якум барои машғулиятҳои саҳроӣ ба Лоҳур (пойгоҳи тамринӣ) бурда мешаванд, Ҳошимҷон Сафаров бо баҳонаи дуруст иҷро карда натавонистани машқҳои сафороӣ аз сӯи Рамазон Абдураҳимов, командири взводи 2-юми ротаи таълимии донишкада мавриди латукӯб қарор гирифта, аз сараш ҷароҳат мебардорад ва тахминан пас аз 10 рӯзи ба беморхона интиқол ёфтан, мефавтад".

Як манбаи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, “омӯзгорон пайваста ба бегуноҳии худ таъкид мекарданд. Онҳо мегӯянд, Ҳошимҷон Сафаров барои бемории илтиҳоби мағзи сар ба беморхона интиқол ёфта ва дар онҷо фавтидааст”.

Падари Ҳошимҷон Сафаров мегӯяд, писараш соли 2018 ба мактаби ҳарбӣ дохил шуда буд ва барои шомил шудан аз чанд марҳилаи тиббӣ назди пизишкон гузашт ва ташхисҳо нишон дода буданд, ки ӯ солим аст.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи тартиботу қонун дар Тоҷикистон масъалаи нав нест. Ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯянд, дар панҷ соли гузашта аз наздикони сарбозону даъватшавандаҳо ба артиш 949 шикоят гирифтаанд.

Волидон аз нақзи ҳуқуқ ва қонуншиканиҳо дар мавсими даъват ё қисмҳои ҳарбӣ шикоят кардаанд. Аммо бо вуҷуди талоши ҳомиёни ҳуқуқ, кам иттифоқ афтодааст, ки дар асоси ин шикоятҳо парванда кушода ва масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд.

XS
SM
MD
LG