Ссылки доступа

Навбатпоии донишҷӯёни ӯзбек барои гирифтани ҳуҷҷатҳои худ аз донишгоҳҳои Қирғизистон


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон навбатпоии тӯлонии донишҷӯёни ӯзбекистоние ба миён омадааст, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, ба ватан баргарданд.

Дар баъзе маврид навбатпоӣ ба ҷанҷол печида, донишҷӯёни ӯзбек масъулони донишгоҳи Ӯшро ба он айбдор мекунанд, ки ҳуҷҷатҳояшонро сари вақт барнамегардонанд.

Бархе аз донишҷӯён зидди талаби раҳбарияти донишгоҳи Ӯш, ки бояд пули таҳсили нимсолаи дувумро пардохт кунанд, эътироз доранд.

Дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон, ки ба далели пандемияи коронавирус муваққатан баста буда, 2 сентябр боз шуд, шумори донишҷӯён афзоиш ёфтааст. Онҳо донишҷӯёни ӯзбеке ҳастанд, ки барои бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳояшон ба Ӯш мераванд.

"Барои шаҳодатномаи хатми таҳсил се ҳафта мешавад, ба инҷо меоем. Барои дарёфти як маълумотнома 3-4 рӯз сарф шуд. Инҷо одамон хеле зиёданд, вале дар утоқ як нафар кор мекунад", - гуфт яке аз донишҷӯёни ӯзбек, ки мехоҳад ҳуҷҷатҳояшро аз донишгоҳи Ӯш гирад.

Ба гуфтаи сардори Департаменти рушд ва сармоягузории Донишгоҳи давлатии Ӯш Ҷонболат Турсунбоев, донишҷӯёни ӯзбек дар раванди интиқол ба донишгоҳҳои кишвари худ танҳо маълумотнома дар бораи таҳсил гирифта буданд ва замони баргардонидани ҳуҷҷатҳо шуюи коронавирус ба миён омаду марзҳо баста шуданд.

Даҳҳо ҳазор донишҷӯи Ӯзбекистон баъди фармони вазири маорифи ин кишвар аз 6 феврал аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба ватан баргаштанд.

XS
SM
MD
LG