Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ чанд омили нигаронкунанда будани вазъро номбар кард: "Мавҷуд будани пойгоҳи худии маводи хом (кӯкнору бангдонаи худрӯй), наздикӣ бо Афғонистон, ки аз онҷо тавассути Тоҷикистон, аз ҷумла ҳероин интиқол меёбад, ташкили озмоишгоҳи омода кардани маводи мухаддир аз моддаҳои кимиёӣ, ки сохтори бозори маводи мухаддирро тағйир додааст".
Александр Зеличенко ҳамчунин боздошти полковники милитсияро ҳангоми кушиши фурӯши 1,5 кило ҳашиш шарҳ дод. "Ин гуна ҳолатҳо зиёд аст. Инҷо чанд омил аст. Аз ҷумла, набудани идеология, онҳо намедонанд, ки ба кӣ ва барои чи хидмат мекунанд. Ҳар яке аз ин ҳолатҳо шармовар аст. Полковник маводи мухаддир мефурӯшад!", - афзуд ӯ.
Хадамоти мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 23 сентябр хабар дод, ки полковники милитсия як масъули баландпояи Хадамоти мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии ин кишвар Ж.А.-ро ҳангоми фурӯши 1,5 кило ҳашиш бар ивази 581 ҳазор сом боздошт кард.