Ссылки доступа

Вашингтон зидди Теҳрон барои эъдоми Афкорӣ таҳрим ҷорӣ кард


Эллиотт Абрамс
Эллиотт Абрамс

ИМА зидди як қатор мансабдорон ва ниҳодҳои Эрон, аз ҷумла додрасе, ки ҳукми қатли варзишгари маъруф Навид Афкориро содир кард, таҳрим ҷорӣ намуд.

Пештар намояндаи махсуси ИМА дар умури Эрон Венесуэле Эллиотт Абрамс ҳангоми суханронӣ дар кумитаи умури хориҷии Сенат роҷеъ ба сиёсати маъмурияти президент Доналд Трамп нисбат ба кишварҳои Ховари Миёна хабар дод, ки таҳримҳо зидди Теҳрон афзоиш ёфтанд.

Навид Афкорӣ моҳи сентябри соли равон баъди он эъдом шуд, ки додрас ӯро ба қатли як нафар дар шаҳри ҷанубии Шероз дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 айбдор эълом кард. Ин ҳукм баҳсҳои байналмилалиро ба миён оварда, Трамп аз Теҳрон хост, варзишгари маъруфро эъдом накунад.

Як қатор демократҳо дар ҷаласаи Сенат Трампро барои муносибатҳояш бо Эрон танқид карданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки тасмими хориҷшавии Кохи сафед аз созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон, ки соли 2015 ҳосил шуд, иштибоҳ буд. Сенатори демократ Тим Кейн амалкарди Трампро "фоҷеавӣ" номид. Ба гуфтаи ӯ, Трамп бо ин кораш ҳампаймонҳо аз Иттиҳоди Аврупоро, ки иштирокчии созишнома ҳастанд, дур сохт.

Кейн афзуд, ки хориҷшавӣ аз созишнома бо Эрон талошҳо барои созиши ҳамсон бо Куриёи Шимолиро мушкилтар мекунад. Дар Пхенян диданд, ки Вашингтон метавонад аз созишҳояш даст кашад.

Трамп соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон даст кашида, гуфт, он наметавонад Теҳронро аз сохтани силоҳи ҳастаӣ боз дорад. Вашингтон баъди бурунрафташ зидди Теҳрон таҳримҳои нав эълом кард.

XS
SM
MD
LG