Ссылки доступа

Дар Туркманистон беш аз 800 зиндониро афв карданд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшида ба Рӯзи истиқлоли он кишвар зиёда аз 800 зиндониро афв кард. Ба иттилои расонаҳои он кишвар, фармони президент дар бораи афв рӯзи 24 сентябр содир шудааст.

Афв дар маҷмуъ 815 касро дар бар мегирад, ки аз ин шумор 3 тан шаҳрвандони кишварҳои хориҷ ҳастанд.

Дар Туркманистон ҳамасола бахшида ба ҷашнҳои гуногун афви зиндониён сурат мегирад. Аммо садҳо зиндонии сиёсиву мазҳабӣ аз доираи афв берун мемонанд.

Ба иттилои Маркази байналхалқии омӯзиши зиндонҳо, аз рӯи шумори маҳбусон баъди ИМА ва Салвадор, дар мақоми севум қарор дорад. Бино ба омӯзиши марказ, дар поёни соли 2017 дар Туркманистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 552 маҳбус рост меомад. Марказ иттилоъ дода буд, ки дар маҷмуъ дар Туркманистон 30 ҳазору 452 маҳбус мавҷуд аст.

Бино ба иттилои маъракаи байналхалқии "Зиндаи онҳоро нишон диҳед!", дар зиндонҳои Туркманистон бештар аз 120 кас бе ному нишон шудаанд. Дар рӯйхати бенишоншудаҳо мухолифони маъруф ва мансабдорони пешин низ ҳастанд, ки бо айбҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ ва фасодкорӣ зиндонӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG