Ссылки доступа

Ҷаҳиши қурби доллари ИМА дар Қирғизистон. Бонки миллӣ дахолат мекунад


Қурби 1 доллари ИМА дар Қирғизистон ба 80 сом наздик мешавад. Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, дар саррофиҳои шаҳри Бишкек 1 доллари ИМА 79,41 сом харидорӣ ва 79.76 сом фурӯхта мешавад.

Аз оғози моҳи ҷорӣ ба ин тараф доллари ИМА дар Қирғизистон 1,5 сом гарон шудааст. Бонки миллии Қирғизистон ба хотири пешгирӣ аз ҷаҳиши қурби доллар рӯзи 23 сентябр 11,2 млн долларро ба бозор баровардааст.

Дар моҳҳои март ва апрел дар пайи ҷорӣ шудани карантини вобаста ба вабои коронавирус дар Қирғизистон қурби доллари ИМА якбора боло рафт ва дар авҷи коронавирус ба 85 сом расид. Баъди дахолати Бонки миллӣ қурби 1 доллари ИМА ба сатҳи 73-74 сом пойин омад, аммо аз моҳи август ба ин тараф дубора рӯ ба боло аст.

XS
SM
MD
LG