Ссылки доступа

Дар Узбекистон волидоне ҷарима мешаванд, ки фарзандонашон аз Интернет маҳруманд


Дар Узбекистон аз волидони хонандагони низоми таҳсили онлайнӣ талаб карда мешавад, ки барои фарзандони худ шароити таҳсили фосилавӣ, аз ҷумла техникаҳои зарурӣ ва дастрасӣ ба Интернетро таъмин кунанд.

Дар қароре, ки аз сӯи ҳашт ниҳоди давлати Узбекистон содир шуд, омадааст, волидон дар сурати иҷро накардани ин уҳдадорӣ бар асоси банди "Иҷро накардани масъулияти тарбия ва омӯзиши кӯдакон"-и кодекси маъмурии Узбекистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Раҳбарони вазорату идораҳое, ки имзояшон дар зери ин қарор аст, хабари мазкурро рад ё тасдиқ накарданд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки таҳсили кӯдакон фосилавӣ, анъанавӣ, омехта ё ба шакле ба роҳ монда мешавад, ки волидон мехоҳанд. Падару модари хонандагоне, ки онлайнӣ таҳсил мекунанд, вазифадоранд шароитро барои фарзандони худ фароҳам кунанд.

Аъзои кумитаҳои маҳаллаҳо низ бояд хона ба хона гашта, бо шароити таҳсили кӯдакон шинос шуда, ба маъмурияти мактабҳо хабар диҳанд.

Дар сурати иҷро нашудани талаботи мазкур аз сӯи волидон, фарзандонашон ба шакли анъанавии таҳсил гузаронида шуда, худи онҳо то панҷ нишондиҳанда ҷарима ё то 15 рӯз ҳабс мешаванд.

Матни ин қарор ҳанӯз дар манбаъҳои боз нашр нашудааст.

Ба гуфтаи омӯзгорону мудирони баъзе аз мактабҳои вилоятҳои Сирдарё ва Қашқадарё, қарори мазкур ба мудирони маориф ва маъмуриятҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо фиристода шудааст.

Вазири маорифи Узбекистон Шерзод Шерматов 25 августи соли ҷорӣ гуфт, дар баробари таҳсили анъанавӣ дарсҳои онлайнӣ низ идома хоҳанд ёфт, то волидон якеро интихоб кунанд. Ба гуфтаи ӯ, коршиносон се сенарияи оғози соли хониш - боз кардани мактабҳо, гузариш ба таҳсили онлайнӣ ва кушодани мактабҳову ҳамзамон идома ёфтани дарсҳои онлайниро пешниҳод кардаанд.

Ба огаҳии Вазорати маорифи Узбекистон, аз 10 ҳазор мактаби ин кишвар танҳо дари 4379 муассисаи таълимӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG