Ссылки доступа

Муҳлати имтиёзҳо дар Русия дароз шуд. Оё азияти муҳоҷирон хотима меёбад?


Русия қарор дар бораи додани имтиёз ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар замони пандемияи коронавирус то 15-уми декабри имсол дароз кард.

Тибқи он ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ихроҷи муҳоҷирон ҳақ надоранд ва онҳое, ки кор намекунанд, ба гирифтани “патент” зарурат надоранд. Ё дар сурати тамом шудани муҳлати сабти иқомат (регистратсия) ҳуҷҷати мазкур дар қаламрави Русия дароз карда мешавад. Пештар барои ин кор гузаштан аз марз зарур буд.

Қарори додани имтиёз бори аввал моҳи апрел содир шуда буд ва дар ин муддат ду дафъа муҳлати иҷрояш дароз карда шуд. Бо вуҷуди ин, муҳоҷирон ба беҳтар шудани вазъ чандон хушбин нестанд ва ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, вақтҳои ахир озору азияти муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар шудааст.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар он кишвар беш аз як миллион ва ба гуфтаи мақомоти тоҷик наздик ба 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Имсол бо бад шудани вазъи иқтисоди Русия, Тоҷикистон низ аз он осеб дид. Дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирони тоҷик 195 миллион доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта пул фиристоданд.

Ба иттилои расмӣ, дар Русия то 25 сентябр наздики 1 миллиону 124 ҳазор кас ба коронавирус мубтало ва аз ин шумор 19 ҳазору 867 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG