Ссылки доступа

Муҳоҷирони узбек дар Абхазистон боз кардани роҳи транзитӣ тавассути Русияро дархост доранд (видео)


Узбекские трудовые мигранты в Абхазии.
Узбекские трудовые мигранты в Абхазии.

Муҳоҷирони корие аз Узбекистон, ки ба иллати маҳдудиятҳои коронавирус дар Абхазистон дармондаанд, талаб доранд, барои баргашти онҳо ба ватан тавассути Русия роҳи транзитие ташкил карда шавад.

Як гуруҳи муҳоҷирон аз номи беш аз сад ҳамватани худ дар Абхазистон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ муроҷиат карда, гуфтанд, ба далели наомадани сайёҳон дар он кишвар бекор мондаанд.

Муҳоҷирон аз ҳукумати Узбекистон дархост доранд, ки барои баргашташон ба ватан ба онҳо кумак карда шавад.

Ба гуфтаи яке аз ин муҳоҷирон бо номи Хайрулло, Тоҷикистону Қирғизистон аллакай шаҳрвандони худро аз Абхазистон берун бурдаанд ва ҳоло дар он кишвар танҳо узбекистниҳо мондаанд.

Феълан дар Абхазистон беш аз ҳазор муҳоҷир аз Узбекистон қарор доранд ва ҳудуди 400 тани онҳо мехоҳанд ба ватан баргарданд. Муҳоҷирон мегӯянд, бе ҷои кор ва сармоя барои зиндагӣ мондаанд.

Трудовые мигранты в Абхазии просят правительство Узбекистана открыть им транзитный коридор через Россию
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:06:53 0:00
Загрузить файл

Дар Абхазистон мардони узбек асосан дар бахши сохтмон ва бонувон дар меҳмонхонаҳо кор мекунанд.

Пештар созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch даъват карда буд, ки барои баргашти муҳоҷирони кории узбек ба ватан кумак карда шавад.

XS
SM
MD
LG