Дар ин бора расонаҳои Лаҳистон иттилоъ медиҳанд.
Чаҳор тани ин шаҳрвандон моҳи майи соли ҷорӣ боздошт шуданд. Нафари панҷум дар пайи як амалиёти байналхалқӣ боздошт шудааст, зеро вай моҳи декабри соли 2019 аз Лаҳистон фирор карда буд.
Ба иттилои Оҷонси амнияти дохилии Лаҳистон, боздоштшудаи панҷум тасмим дошт, ба Сурия рафта, бо афроди марбут ба гуруҳи "Алқоида" робита пайдо кунад.
Баъд аз ихроҷ ин панҷ тан ҳаққи дубора ворид шудан ба Лаҳистон ва дигар кишварҳои Минтақаи Шенгенро надоранд.