Ссылки доступа

Алламҷонов: расонаҳои Узбекистон дар гузашта танҳо барои табъи Ислом Каримов кор мекарданд


Комил Алламжонов
Комил Алламжонов

Воситаҳои ахбори омми Ӯзбекистон дар гузашта ба хотири як кас, барои табъи раҳбари вақти он кишвар Ислом Каримов фаъолият мекарданд.

Ин нуктаро Комил Алламҷонов, раиси Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллии Ӯзбекистон 28 сентябр дар конфронси байналмилалии онлайнии бахшида ба Рӯзи байналхалқии дастрасии умум ба иттилоъ баён дошт.

"Расонаҳои Узбекистон то соли 2016 дар ҳолати "беҳушӣ", на зинда ва на мурда буданд. Дар телевизионҳо таърифи зиёд ва дар нашрияҳо танҳо "хабарҳо аз биҳишт" буд. Шояд ин чиз ҳоло хандаовар бошад, вале мутассифона, чунин буд. Ҳукумат на нашри маълумоти муҳим барои сокинон, балки хабареро мехост, ки худ дуруст мешуморид. Ҳамаи расонаҳо барои як кас, барои табъи раҳбари вақти кишвар фаъолият мекарданд", - изҳор дошт Алламҷонов.

Ба гуфтаи Алламҷонов, дар замони Ислом Каримов, президенти нахустини Узбекистон расонаҳо дар бораи ғамхорӣ ва мушкилоти мардум камтар навишта, шикояти рӯзноманигорон бидуни зикри номашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд.

Алламҷонов афзуд, ки тайи чаҳор соли ахир рӯзноманигорон аз имкони бозтоби ҳаводиси воқеии Узбекистон бархурдор шудаанд.

Ӯ аз масдуд шудани сомонаи расонаҳои хориҷие ёдовар шуд, ки барои танқиди ҳукумати пешини Узбекистон дастрасӣ ба онҳо маҳдуд гашта буд. Маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои "Садои Амрико" Хадамоти ӯзбекии ВВС, "Мавҷи Олмон", Eurasianet, сомонаҳои созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар Ӯзбекистон соли гузашта бардошта шуд. Сомонаи бахши узбекии Радиои Озодӣ ва баъзе аз расонаҳои дигари мустақил дар ин кишвар ҳанӯз ҳам дастнорасанд.

XS
SM
MD
LG