Ссылки доступа

Ереван: "F-16"-и туркӣ як ҳавопаймои низомии Арманистонро сарнагун сохт


Истребитель F-16 Fighting Falcon ВВС Турции
Истребитель F-16 Fighting Falcon ВВС Турции

Ереван мегӯяд, зарбазани туркии "F-16" як ҳавопаймои низомии "Су-25 "-и нерӯҳои ҳавоии Арманистонро дар ҳарими ҳавоии ин кишвар сарнагун сохт.

Вазорати умури хориҷии Арманистон хабар дод, ки дар натиҷа халабони Су-25 ҷон бохт. Вале ба иттилои Би-би-сӣ, Туркия ин хабарро аллакай расман рад кардааст.

Ёвари президенти Туркия Фахриддин Алтун рӯзи сешанбе гуфта буд, ки Анқара омодааст, дар бозпас гирифтани Қарабоғи Куҳӣ ба Боку кумак кунад.

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушлоғлу ҳангоми боздид аз сафорати Озарбойҷон дар Анқара гуфт, ягона роҳи ҳалли низоъ атрофи Қарабоғ бурунрафти арманистон аз ин минтақаи худмухтор аст.

Туркия субҳи 27 сентябр, дар пайи оғози дубораи низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ хабар дод, ки ба Озарбойҷон кумак мекунад. Русия, ҳампаймони Арманистон дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз мақомоти турк даъват кард, ки аз дастгирии оммавии Боку худдорӣ карда, ба ҳалли дипломатии буҳрон кумак расонад.

Даъво бар сари Қарабоғи Куҳӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ давом дорад. Озарбойҷон идораи минтақаро, ки бештари бошандагонаш арманитабор ҳастанд, аз солҳои 1990 аз даст додааст. Дар солҳои 1990 бар асари даргарӣ на камтар аз 30 ҳазор кас кушта ва садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд. Низои ахир шадидтарин низоъ аз соли 2016 ба ин тараф номида мешавад.

Кишварҳои миёнарав дар танзими низоъи Қарабоғи Куҳӣ, аз ҷумла Русияву ИМА ба хатми ҷанг даъват доранд.

XS
SM
MD
LG