Ссылки доступа

Бархе аз зарардидаҳои фоҷеаи Сардобаи Узбекистон ҳанӯз ҷуброн нагирифтаанд


Жители махалли «Дустлик» в Сардобинском районе Сырдарьинской области долгое время не могли получить компенсацию за разрушенное во время наводнения жилье.
Жители махалли «Дустлик» в Сардобинском районе Сырдарьинской области долгое время не могли получить компенсацию за разрушенное во время наводнения жилье.

Як гуруҳ аз сокинони деҳаи "Дӯстлик"-и ноҳияи Сардобаи вилояти Сирдарё 28 сентябр бори шашум ба шаҳри Тошканд рафтанд, то ба ҳузури сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов роҳ ёбанд.

Онҳоро, ки як ҳафта пеш таҳти фишори мақомоти интизомӣ бозпас фиристода шуда буданд, намояндаи Девони вазирони Узбекистон ба ҳузур пазируфта, ваъда додааст, мушкилашон ҳал хоҳад шуд. Ин гуруҳи сокинон дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобаи Узбекистон хонаҳои худро аз даст додаанд ва панҷ моҳ мешавад, барои дарёфти ҷуброни ваъдаи намудаи ҳукумат ба Тошканд мераванд.

Сокинони Сардоба мегӯянд, билохира дар маротибаи шашум тавонистанд, доди худро ба "боло" расонанд ва мушкилашонро ҳал кунанд. "Дар Девони вазирон як ҷавон аз Хоразм бо мо хеле хуб суҳбат кард. Ӯ баъди шунидани шикоят раиси маҳаллаи мо Алишер Чинбоевро ба Тошканд даъват кард. Сипас муовини раиси вилоят Анвар Каримов дастур дод, ки фавран ба мо ҷуброн пардохта шавад. Сипас мо ба Сардоба баргаштем", - изҳор дошт яке аз сокини "Дустлик" ба шарти ифшо нашудани номаш.

Обанбори Сардобаи Ӯзбекистон моҳи майи соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, он барои обёрии заминҳо бунёд шуда буд. Субҳи 1 майи соли равон садди он рахна шуд. Дар натиҷа дасти кам 70 ҳазор сокини атрофи обанбор ба ҷойҳои бехав кӯчонида шуданд.

XS
SM
MD
LG