Ссылки доступа

Ним миллион қирғизистонӣ ба интихоботи порлумонӣ роҳ дода намешаванд


Хадамоти бақайдгирии давлатии Қирғизистон мегӯяд, ҳудуди ним миллион сокини ин кишвар имсол наметавонанд, дар интихоботи навбатии порлумонӣ иштирок кунанд.

Ба огаҳии хадамот, то ҳол 437 ҳазору 384 сокини Қирғизистон аз қайди биометрӣ нагузаштаанд ва ҳамоно аз шиносномаҳои куҳна истифода мебаранд. Тибқи қонун, онҳо наметавонанд раъй диҳанд.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, ба рӯйхати интихобкунандагон ҳудуди 3,5 миллион нафар шомил аст.

Дар Қирғизистон қонун дар бораи маълумоти биометрӣ соли 2014 қабул шуд.

Интихоботи порлумонии навбатии Қирғизистон 4 октябр баргузор мешавад. Дар он 16 ҳизби сиёсӣ иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG