Ссылки доступа

Муҳоҷирони бандмондаи узбекистониро аз Волгагради Русия ба кишварашон оварданд


Рӯзи 29 сентябр 800 муҳоҷири узбекистонӣ, ки дар вилояти Волгогради Русия дар монда буданд, тариқи қатора роҳии шаҳри Тошканди Узбекистон шуданд.

Хабар дода мешавад, ки рӯзи 25 сентябр бештар аз 900 муҳоҷир низ тариқи қатора ба Тошканд фиристода шуданд. Қатораи навбатӣ рӯзи 1 октябр дар масири Волгоград-Тошканд ҳаракат хоҳад кард.

Муҳоҷироне, ки дар қатора нағунҷиданд, дар маркази фарҳангиву маънавии мусалмонон дар шаҳри Волжский нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин марказ шароити буду боши муваққат муҳайё шудааст.

XS
SM
MD
LG