Аз зани ҷабрдида, ки ҷинсашро иваз кардааст, Виктория Беркхоҷаева ном бурда мешавад.
Додситон ҳамчунин аз додгоҳ хостааст, ки айбдоршаванда аз ишғоли мансабҳои давлатӣ комилан маҳрум карда шавад.
Корманди пешини Кумитаи амнияти миллӣ дар додгоҳ айбҳои эъломшударо рад кардааст.
Парвандаи ҷиноӣ барои хушунат ва латту куби Виктория Беркхоҷаева тобистони соли 2019 боз ва моҳи октябри ҳамон сол корманди пешини мақомоти амният боздошт шуд.