Барномаи "Маруся" бо садои ҳунарманд Елена Соловёва дар платформаҳои IOS ва Android дар шакли замимаи алоҳида ва ҳамчунин дар баландгӯяки ҳушманди "Капсула" пешниҳод мешавад. Тавассути фармоиши садоии "Маруся, включи Радио Свобода!" метавон ба пахши мустақими Бахши русии Радиои Озодӣ пайваст.
Бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи мавзуъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ 24 соат тариқи интернетӣ барномаҳои худро пахш мекунад.
Ёвари маҷозии "Маруся" дар бозори алоқаи мобилӣ соли 2019 пайдо шуд. Он вазифаи худро дар асоси иттилое иҷро мекунад, ки корбар ба телефони мобилӣ ворид месозад ё аз манбаъҳои гуногуни интернетӣ пешниҳод мешавад.