Ссылки доступа

Навалний дар заҳролудшавияш Путинро айбдор кард


Оппозиционер Алексей Навальный
Оппозиционер Алексей Навальный

Сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний гуфт, пушти қазияи заҳролудсозии ӯ президенти Русия Владимир Путин меистад. Вай ин нуктаро дар суҳбат бо маҷаллаи олмонии "Шпигел" баён дошт.

"Ман тасдиқ мекунам, ки пушти ин ҷиноят Путин меистад, ман фарзияи дигареро намебинам", - изҳор дошт Навалний. Мухолифи рус афзуд, ки қасди баргашт ба Русияро дорад. "Ман наметарсам", - илова кард вай. Матни пурраи суҳбати ӯ дертар нашр мешавад.

  • Алексей Навалний дар ҳоли ҳозир дар Олмон қарор дорад. Ӯ аллакай аз бемористони Charité рухсат шудааст. Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.

    Намояндаи расмии ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт нимаи дувуми моҳи сентябр гуфт, дар бадани Навалний асари маводи кимиёии заҳролудсоз аз гуруҳи хатарноки "Новичок"-ро пайдо карданд. Бо вуҷуди он ки мақомоти рус ин иддаоро рад мекунанд, ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шветсия хулосаи мутахассисони олмониро тасдиқ карданд.

    Навалний то ба поён расидани муҳлати табобаташ дар Олмон мемонад ва сипас тасмим дорад, ки ба Русия баргардад.

XS
SM
MD
LG