Ссылки доступа

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 71 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 71 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст.

Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои вазорат, дар як шабонарӯзи гузашта 63 гирифтори коронавирус баъди муолиҷа аз бемористон рухсат шудаанд. Дар маҷмуъ шумори гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 107 ҳазору 979 ва шумори фавтидагон аз ин вабо ба 1731 расидааст.

XS
SM
MD
LG