Ссылки доступа

Арманистон гуфт, дар наздикии Ереван як ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун сохт


Нагорный Карабах, 30 сентября 2020 года
Нагорный Карабах, 30 сентября 2020 года

Вазорати дифои Арманистон хабар дод, ки нерӯҳои ин кишвар дар наздикии Ереван як ҳавопаймои бесарнишини Озарбойҷонро сарнагун сохтанд.

Ҷузъиёти ҳодиса ифшо намешавад. Пештар ин ниҳод хабар дода буд, ки артиши Озарбойҷон чандин минтақаи аҳолинишини Арманистонро тирборон кард. Дар бораи ҳалокати сокинони осоишта низ хабар дода шуд.

Вазорати дифои Озарбойҷон низ дар навбати худ аз оташкушоии низомиёни Арманистон хабар дод. Додситонии кулли Озарбойҷон гуфт, дар натиҷаи ин оташкушоиҳо 19 нафар ба ҳалокат расиданд.

Озарбойҷон ҳавопаймои бесарнишинро аз Туркия ва Исроил мехарад. Вазорати умури хориҷии Арманистон 1 октябр сафири худ дар Исроилро барои "машварат" бозхонд. Вазорат гуфт, интиқоли силоҳ ба Боку ғайриқобили қабул аст.

Миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Куҳӣ 27 сентябр дубора задухурдҳои мусаллаҳона оғоз шуданд. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.

Раҳбарони Русия, ИМА ва Фаронса 1 октябр бо нашри як изҳороти муштарак Арманистону Озарбойҷонро ба қатъи фаврии задухурдҳои мусаллаҳона ва оғози гуфтугӯ даъват карданд.

XS
SM
MD
LG