Ссылки доступа

Доналд Трамп ва ҳамсараш ба коронавирус мубтало шуданд


Президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания баъди ошкор шудани нишонаҳои коронавирус дар мушовири президент Хоуп Хикс аз санҷиш гузаштанд. Натиҷаи ҳар дуи санҷишҳо мусбат баромадааст.

Хикс пеш аз ин, 29 сентябр президентро дар "Air Force One", дар нахустин мубоҳисаи пешазинтихоботӣ дар Кливленд ва 30 сентябр дар тазоҳуроти Миннесота ҳамроҳӣ мекард.

Дар изҳороти намояндаи расмии Кохи сафед Ҷадда Дира омадааст, "президент ба саломатӣ ва амнияти худу ҷонибдоронаш ва мардуми Амрико таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд".

Дар миёни кормандони Кохи сафед пештар низ мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд. Моҳи майи соли равон натиҷаи санҷиши сухангӯи вақти муовини президенти ИМА Майкл Пенс Кэти Миллер ва дар моҳи июл санҷиши ёвари президент Роберт О'Брайен мусбат баромада буд. Ҳар ду аллакай шифо ёфтаанд.

Трамп дар авҷи маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба вирус мубтало шуд. Интихоботи навбатии президентии ИМА 3 ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG