Дар изҳороти вазорат истифодаи силоҳ аз сӯи Озарбойҷон зидди сокинони осоиштаи Қарабоғи Куҳӣ ва иштироки Туркия дар задухурдҳо зидди Арманистон маҳкум шудааст.
"Ереван ҷонибдори ҳалли низоъ аз роҳи осоишта аст, вале ҳамзамон ба таҷовузкориҳои Озарбойҷон қотеона посух хоҳад дод", - афзудааст манбаъ.
Боку то ҳол ин изҳороти Вазорати умури хориҷии Арманистонро шарҳ надодааст.
Миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Куҳӣ 27 сентябр дубора задухурдҳои мусаллаҳона оғоз шуданд. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.
Раҳбарони Русия, ИМА ва Фаронса 1 октябр бо нашри як изҳороти муштарак Арманистону Озарбойҷонро ба қатъи фаврии задухурдҳои мусаллаҳона ва оғози гуфтугӯ даъват карданд.
Ахиран раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба хатми билофосилаи даргириҳои нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ даъват карданд. Дар изҳороти рӯзи 2-юми октябри Шӯрои Аврупо баъди хатми ҷаласаи ниҳод дар Брюссел гуфта шудааст, ки “талафоти инсонӣ ва афзоиши қурбонӣ дар миёни мардуми мулкӣ ғайри қобили қабул аст. Ин низоъ набояд аз роҳи низомӣ ваё дахолати беруна ҳал шавад”.