Ссылки доступа

Тибқи иттилои пешакӣ, ба порлумони Қирғизистон 4 ҳизб роҳ ёфт (видео)


Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихоботи порлумонӣ 56,04% ё 1 974 441 шахси қобили раъй иштирок карданд. Шумори умумии афроди қобили раъй дар Қирғизистон 3 миллиону 523 554 нафар ҳисоб шуда буд.

Тиқби иттилои пешакӣ, ба порлумони Қирғизистон танҳо чор ҳизб - "Биримдик" (24.52%), "Мекеним Қирғизистон" (23.91%), "Қирғизистон" (8.74%) ва "Бутун Қирғизистон" (7.08%) роҳ ёфтанд.

12 ҳизби дигар дар ҳоли ҳозир раъйи зарурӣ барои дарёфти курсӣ дар порлумонро ба даст наовардаанд.

Хабарнигорон дар давоми рӯз иттилоъ доданд, ки ҳангоми овоздиҳӣ ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст. Бархе аз интихобкунандагон ба ҷои чанд кас раъй дода, бархеҳо варақаҳои худро акс гирифтаанд.

Ҳизби "Ота-Макон" интихоботи нави порлумонии Қирғизистонро "ифлостарин интихобот" дар таърихи он кишвар номида, гуфт, бекор кардани натиҷаҳоро талаб мекунад. Дар ин бора аъзои ҳизб Рискелдӣ Момбеков, Жанарбек Акаев ва Тилек Токтогазиев хабар доданд.

"Забон намегардад, ки инро интихобот гӯем. Дар бораи қонуншиканиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахши қирғизии Радиои Озодӣ маводи зиёд нашр шуд, вале роҷеъ ба яктои онҳо чора наандешиданд", - гуфт Момбеков.

Аъзои Ҳизби сотсила-демократии Қирғизистон, ки ба иттилои расмӣ беш аз ду дарсад раъй ба даст овардааст, дар майдони "Ала-Тоо" ҷамъ шуда, аз оғози тазоҳуроти бидуни муҳлат хабар доданд. Онҳо гуфтанд, бо натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд.

Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор шуда, дар он 16 ҳизби сиёсӣ иштирок карданд. Барои роҳ ёфтан ба порлумон ҳар як ҳизб ҳадди ақал бояд 7 дарсади раъй мардумро ба даст орад.

XS
SM
MD
LG