Ба иттилои УзА, ба анҷуман барои дастрасӣ ба "Alibaba.сom" калидҳои махсус дода шудааст.
"Ин ба ширкатҳои маҳаллӣ ва содиркунандагони Узбекистон имкон медиҳад, ки молҳои худро дар ин саҳифа ба фурӯш гузоранд", - изҳор дошт мутахассиси Анҷумани содиркунандагони Узбекистон Маруф Пардаев.
Раҳбарияти анҷуман мегӯяд, ният дорад тавассути фурӯшгоҳи Alibaba нахуст ба бозори Чин ва сипас ба бозорҳои ҳамсоякишварҳо роҳ ёбанд, ки дар натиҷа ҳаҷми содирот аз Узбекистон 2-3 баробар зиёд мешавад.