Боздоштҳо бештар дар шаҳри Минск сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар шаҳрҳои Брест, Гродно, Витебск, Могилев, Бобруйск ва Солигорск ҳам эътирозгарон дастгир шудаанд.
Пештар "Весна" аз боздошти зиёда аз 10 рӯзноманигор ва аккоси расонаҳои гуногун дар Минск, Брест, Гродно, Витебск, Могилев ва Бобруйск хабар дода буд. Анҷумани хабарнигорони Белорус дертар иттилоъ дод, ки аксари рӯзноманигорон озод шуданд.
Дар Белорус ҳудуди ду моҳ инҷониб эътирозҳо идома доранд. Эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи Белорус дар интихоботи президентии 9-уми август Александр Лукашенкоро баранда эълон кард.
Ба ҳисоби "Весна", шумори маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар 25 баробар зиёд шуда, мизони ҷаримаҳо ба 240 ҳазор доллар расидааст.