Ссылки доступа

Мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов дар Фаронса соҳиби паноҳандагии сиёсӣ шуд


Мухтор Аблязов, бонкдори пешини Қазоқистон, ки ҳамакнун мухолифи ҳукумати ин кишвар аст, дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, мақомоти додгоҳии Фаронса рӯзи 29 сентябр дар ин бора қарор қабул кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 Раёсати умури паноҳандагон ва афроди бешаҳрвандии Фаронса дархости Аблязовро барои дарёфти паноҳандагӣ рад карда буд. Мухолифи қазоқ аз болои Раёсати умури паноҳандагон ба додгоҳ шикоят бурд.

Ба иттилои расонаҳо, додгоҳ ба чунин натиҷа расид, ки Аблязовро дар Қазоқистон бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд.

Бота Ҷардемалӣ, вакили мудофеи Аблязов дар саҳифаи Фейсбук хабар дод, ки сарфи назар аз фишори мақомоти Қазоқистон ба роҳбарияти Фаронса, додгоҳ ба нафари таҳти ҳимояташ паноҳандагӣ дод.

Мухтор Аблязов, раиси пешини бонки БТА-и Қазоқистон бештар аз 10 сол аст, ки дар Аврупо қарор дорад. Дар Қазоқистон ва Русияву Украина ӯро дар дуздии наздики 5 миллиард доллар айбдор мекунанд.

Қазоқистон борҳо талош кард, ки Аблязовро аз Аврупо истирдод кунанд. Мақомоти Қазоқистон муваффақ шуданд, ки Аблязов дар Фаронса боздошт ва ҳабс шавад, аммо баъди чанде ӯро озод карданд. Моҳи ноябри соли 2018 додгоҳи Қазоқистон Аблязовро ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯро дар "куштори фармоишӣ" дар соли 2004 айбдор карданд. Додгоҳи Қазоқистон ҳамзамон ӯро дар доираи парвандаи ғорати дороиҳои бонки БТА соли 2017 ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Аблязов ҳамаи ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG