Ссылки доступа

Саҳмдорони норозӣ мулоқот бо президенти Қазоқистонро талаб карданд


Дар шаҳри Нурсултон ҳудуди 20 саҳмдор 5 октябр дар назди дафтари раёсатҷумҳурӣ ҷамъ шуда, талаби мулоқот бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро карданд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, манзилҳое, ки онҳо тариқи ипотека ё қарз гирифта буданд, "ғайриқонунӣ фурӯхта шудаанд".

"Бонк хонаи ояндаи маро арзон фурӯхтааст. Ду сол мешавад, ки ҳамроҳи фарзандони мактабхонам бехона ҳастам. Додгоҳи олӣ шартномаи хариду фурӯшро ғайриқонунӣ номид. Вақте мо баҳси додгоҳӣ доштем, харидор хонаро ба нафари севум ва севумӣ ба каси дигар фурӯхтааст", - изҳор дошт яке аз бонувони норозӣ бо номи Ҷумагул Алписбайқизӣ.

Ба гуфтаи фаъоли маданӣ Канагат Такеева, саҳмдорон пеш аз ин ҳам чандин бор ба нишони эътироз ҷамъ омада буданд, вале ба мушкили онҳо то ҳол расидагӣ нашудааст. Ҷамъшудаҳо талаб карданд, ки ба назди онҳо президент ё сарвазир барояд.

Вале аз қабулгоҳи дафтари раёсатҷумҳурӣ касе ба назди онҳо набаромад. Танҳо маъмурони пулисе, ки бинои дафтари раёсатҷумҳуриро нигаҳбонӣ мекарданд, ба эътирозгарон гуфтанд, ки онҳо бояд пароканда шаванд, зеро ин амалашон хилофи қоидаҳои карантин аст.

XS
SM
MD
LG