Ссылки доступа

Арманистон аз "шаби нисбатан ором" дар Қарабоғи Куҳӣ хабар дод


Вазорати мудофиаи Арманистон хабар дод, ки шаби гузашта дар Қарабоғи Куҳӣ нисбатан ором сипарӣ шуд.

"Баъди даъвати батакрори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатъи низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ, шаби гузашта нисбатан ором сипарӣ шуд. Дар сурати дубора шиддат гирифтани вазъ ҳамаи масъулият ба души роҳбарияти Озарбойҷон хоҳад буд", - хабар дод сухангӯи артиши Арманистон Шушан Степанян.

Мақомоти Озарбойҷон дар навбати худ хабар доданд, ки аз 27 сентябр ба ин тараф дар пайи тирандозиҳои артиши Арманистон 27 кас кушта шудааст. Боку хабар дод, ки артиши Арманистон минтақаҳои сераҳолии Озарбойҷонро тирборон кардааст. Дар натиҷаи ин тирандозиҳо бештар аз 370 манзил ва зиёда 60 иншооти дигар зиён дидааст.

Рӯзи 5 октябр вазирони корҳои хориҷии Русия, Фаронса ва ИМА бори дигар аз ҷонибҳои даргир дар Қарабоғи Куҳӣ даъват ба оташбас карданд. Вазирони хориҷии се кишвар ташдиди низоъро "хатари ғайри қобили қабул" барои суботи минтақа унвон карданд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG