Додгоҳи вилояти Алмато 6 октябр С.А.ро бар асоси бандҳои "хушунати ҷинсӣ" ва "шиканҷа" айбдор эълом кард. Айбдоршуда ҳамчунин аз ҳаққи ишғоли вазифаи давлатӣ ва рутбаи майор маҳрум гаштааст.
Ҷабрдида Виктория Беркхоҷаева ва вакили дифои ӯ Айман Умарова гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва тасмим доранд, аз болои он шикоят баранд. Онҳо ҳукмро "сабук" номиданд.
Пештар додситон барои корманди пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 10 соли зиндон ва комилан маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои давлатиро талаб карда буд.
Худи С.А дар додгоҳ айбҳои эъломшударо рад кард.
Парвандаи ҷиноӣ барои хушунат ва латту куби Виктория Беркхоҷаева тобистони соли 2019 боз ва моҳи октябри ҳамон сол корманди пешини мақомоти амният боздошт шуд.