Ссылки доступа

Дар Қазоқистон гумонбари хушунати ҷинсии кӯдак дар боздоштгоҳ "худкушӣ" кард


Ҷасади сокини 62-солаи шаҳри Сатпаеви Қазоқистонро, ки бо гумони рабудан ва таҷовуз кардани кӯдаки панҷсола боздошт шуда буд, рӯзи 6 октябр дар боздоштгоҳи муваққатӣ пайдо карданд.

Ин хабарро дар Департаменти иҷрои ҷазои вилояти Қарағандаи Қазоқистон тасдиқ карданд. "Сабаби пешакии марг худкушӣ гуфта мешавад. Ҳангоми санҷиш низ дар бадани ӯ осори захм мушоҳида нашудааст", - гуфтанд дар департамент.

Додгоҳи Қазоқистон сокини Сатпаевро 26 июли соли равон барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҷустуҷӯи ӯ шаби 24 июл боиси занозанӣ ва бетартибиҳо шуда буд.

Шаби 24 июли имсол беш аз 100 сокини шаҳри Сатпаев баъди шунидани хабари рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола ба кӯча баромада, даст ба бетартибӣ заданд. Яке аз ҷамъшудаҳо шишаи хонаи марди гумонбарро шикаст ва дигарон аз пулис талаб карданд, ки вайро ба ихтиёри онҳо супоранд.

XS
SM
MD
LG