Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо аз неруҳои сиёсии Қирғизистон хост, ба мусолиҳа расанд


Иттиҳоди Аврупо дар робита ба интихоботи порлумонии Қирғизистон изҳорот нашр кард. Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳод дар Қирғизистон хабар доданд.

Иттиҳоди Аврупо баёнияи Комисияи марказии интихоботи Қирғизистонро дар бораи бекор кардани натиҷаҳои раъйдиҳии рӯзи 4 октябр ба эътибор гирифтааст.

"Иттиҳоди Аврупо аз ҳамаи неруҳои сиёсии Қирғизистон даъват мекунад, ки дар доираи Конститутсия амал кунанд ва тафриқаи мавҷударо бо роҳи мусолиматомез ҳал намоянд. Мо бесаброна мунтазири баргузории интихоботи нави шаффофу воқеие ҳастем, ки ҳамаи неруҳои сиёсиро фаро гирад ва ба меъёрҳои демократӣ ҷавобгӯ бошад", - омадааст дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз неруҳои сиёсӣ эъломи нобоварӣ ба президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбековро талаб доранд.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои сиёсӣ дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Қирғизистон боиси норозигии аҳзоби мухолифи ҳукумат шуд.

Шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.

XS
SM
MD
LG