Ссылки доступа

Дар як маркази муолиҷаи Covid-19 дар Узбекистон таркиш рух дод


Субҳи 7 октябр дар маркази муолиҷаи вабои коронавирус дар шаҳри Гулистони Узбекистон як зарфи кислород таркид.

Ба иттилои манобеъ, дар ин ҳодиса як кас кушта шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Шоҳидон мегӯянд, дар натиҷаи таркиш шишаи биноҳои атрофи марказ низ рехтаанд.

Як сокини шаҳри Гулистон, ки манзилаш тақрибан дар 700-метрии маркази муолиҷаи гирифторони коронавирус ҷойгир аст, гуфт, шишаҳои хонаи вай низ рехтаанд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон аз марги 1 одам дар натиҷаи ин ҳодиса хабар доданд. Айни замон оқибатҳои таркиш бартараф мешавад.

XS
SM
MD
LG