Ссылки доступа

Ба бонкҳои Қирғизистон тавсия шуд, дарҳои худро дубора боз кунанд


Бонки миллии Қирғизистон ба ташкилотҳои молиявии ин кишвар тавсия додааст, ки аз 8 октябр фаъолияти худро дубора оғоз кунанд. Вале соати кориро аз 9 то ба 15-и нисфирӯзӣ маҳдуд намоянд.

Бонк гуфтааст, дубора ба фаъолият пардохтани ташкилотҳои молиявӣ барои пардохти нафақа, моҳона, кумакпулӣ ва таъмини сокинони Қирғизистон бо нақдина зарур аст. Интиқоли байналмилалии пул то қарори навбатии бонки мазкур ҳамоно манъ аст.

Бонки миллии Қирғизистон пештар ба ташкилотҳои молиявии ин кишвар тавсия дода буд, ки рӯзҳои 6 ва 7 октябр фаъолияти худро қатъ карда, чораҳои амниятиро тақвият бахшанд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати пулиси Бишкек гуфтааст, шаби 7 ба 8 октябр дар пойтахти Қирғизистон ором паси сар шуд. Шабонгоҳ ҳазорҳо ихтиёрӣ ба кӯчаҳо баромада, меҳмонсарой, фурӯшгоҳ ва иншооти бузурги дигарро муҳофизат карданд.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр ва пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумат боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои мухолиф дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Ин ҳамоиши эътирозӣ ба задухурд миёни сокинон ва кормандони пулис анҷомид.

Дар натиҷа шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд. Дар бораи ҳамла конҳои тилову ангишт дар минтақаҳои Қирғизистон ҳам хабарҳо пахш шуд.

XS
SM
MD
LG