Ссылки доступа

Гуфтугӯи Пашиняну Путин дар мавриди ҷангҷӯёни зархарид дар Қарабоғи Куҳӣ


Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо президенти Русия Владимир Путин ҳузури ҷангҷӯёни зархарид дар минтақаи ҷангии Қарабоғи Куҳӣ ва таъсири онҳоро ба вазъи кунунӣ баррасӣ кард.

Пашинян гуфтааст, ки боқӣ мондани зархаридон дар минтақа маънои онро дорад, ки ҳавзаи фаъолияти онҳо густариш хоҳад ёфт.

Пештар аз ин дар бораи ҳузур пайдо кардани ҷангҷӯёни зархарид дар минтақаи Қарабоғи Куҳӣ низомиёни рус ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳам хабар дода буданд. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон дар навбати худ гуфт, ки миёни кушташудаҳо аз сӯи низомиёни арманӣ арманитабороне ҳам ҳастанд, ки аз Сурия ва Шарқи наздик ба Қарабоғи Куҳӣ омадаанд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG