Ссылки доступа

Содир Ҷапаров: "Раим миллион" боздошт хоҳад шуд


Сиёсатмадор Содир Ҷапаров, ки як гуруҳи вакилони порлумони Қирғизистон номзадии ӯро ба мақоми сарвазирии он кишвар пешниҳод кардаанд, 8 октябр дар тазоҳуроти ҷонибдоронаш дар назди бинои ҳукумат суханронӣ кард.

Ҷапаров гуфт, баъзе аз расонаҳо дар бораи робита ӯ бо "Матраимовҳо ва Ҷеенбековҳо" навиштаанд, ки ин асос надорад.

"Раим миллион боздошт хоҳад шуд. Ҳоло ман корро пурра оғоз накардаам. Ҳар вақте оғоз кунам, ӯ боздошт мешавад", - афзуд вай.

"Раим миллион" лақаби Раим Матраимов, муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон, ки номи ӯ дар силсила таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ зикр шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст. Ин хонавода дар интихоботи порлумонӣ аз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" ҳимоят мекард. Ҳизби мазкур бо соҳиб шудани бештар аз 20 дарсади раъйи мардум мебоист, вориди порлумон шавад.

Баъди эъломи натиҷаҳои интихобот дар рӯзи 5 октябр дар Қирғизистон эътирози ҳизбҳои сиёсӣ шуруъ шуд. Эътирозгарон бинои порлумон ва дафтари раисҷумҳурро "ғасб" ва чанд тан аз зиндониёни сиёсиро аз маҳбас озод карданд. Рӯзи 6 октябр Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор кард.

Як гуруҳи вакилони порлумони Қирғизистон шаби 6 октябр дар як меҳмонхонаи Бишкек гирди ҳам омада, номзадии Ҷапаровро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод карданд, вале як қатор ҳизбҳои сиёсии дигар ва ҷавонон зидди ин қарор баромаданд. Худи Ҷапаров мегӯяд, ӯ раиси қонунии ҳукумати Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG