Ссылки доступа

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон кормандони "ёрии таъҷилӣ" изофапулӣ талаб доранд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон кормандони хадамоти тиббии "ёрии таъҷилӣ", ки аз ибтидои паҳншавии вабои коронавирус дар Қазоқистон, дар ҳамоҳангӣ бо пизишкони дигар кор мекунанд, талаб доранд, ки онҳо ҳам дар рӯйхати гирандагони изофапулӣ шомил карда шаванд.

Элвира Бадалбоева, як корманди "ёрии таъҷилӣ" рӯзи 8 октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ӯ ва чанд тани дигар аз ҳамкоронаш аз рӯйхати гирандагони изофапулӣ берун карда шудаанд. Ба гуфтаи вай, дар маҷмуъ 415 корманд аз ин рӯйхат маҳрум шудаанд. Ин кормандон асосан пушти хати телефон мешинанд, дархости "ёрии таъҷилӣ" қабул мекунанд ва мошинҳои "ёрии таъҷилӣ"-ро омода менамоянд.

"Мо ба назди беморон намеравем. Аммо гуруҳҳое, ки ба манзили гирифторони коронавирус мераванд, гашта назди мо меоянд ва эҳтимоли ба ин вабо гирифтор шудани мо низ ҳаст. Ҳолатҳои гирифтор шудани ҳамкорони мо ҳам дар маҳаллӣ кор мушоҳида шудааст. Аммо моро дар гуруҳи кормандоне шомил накарданд, ки бояд изофапулӣ бигиранд", - гуфт Бадалбоева.

Кормандони дигари хадамоти "ёрии таъҷилӣ" низ гуфтаҳои Бадалбоеваро таъйид карданд. Тогжан Жамирова, мутахассисе, ки ба поккории васоили мошини "ёрии таъҷилӣ" машғул аст, мегӯяд, ҳафт моҳ аст, ки ваъдаи изофапулиро мегиранд, аммо ҳанӯз иқдоме дар ин самт сурат нагирифтааст.

Биржан Оспанов, сарпизишки хадамоти ёрии таъҷилӣ гуфт, ба зуди ба ин гуруҳи кормандон изофапулӣ пардохт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG