Ссылки доступа

Чанд ҳизби сиёсии Қирғизистон рақиби пешини президентро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ карданд (видео)


Ҳизбҳои "Ота Макон", "Бир Бол", "Республика" ва "Реформа" ба ҳам омада, сиёсатмадор Омурбек Бабановро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ карданд.

Ин чаҳор ҳизб эътилофе бо номи "Охирин умед" таъсис додаанд.

Бабанов дар интихоботи президентии соли 2017 дар Қирғизистон аз рақибони асосии президенти амалкунанда Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳисоб мерафт.

Тилек Токтоғозиев, як узви ин эътилоф гуфт, интихоби Бабанов ба унвони номзад ба мақоми сарвазирӣ тасмими содае набуд, зеро роҳбарии ҳукумати муваққат - масъулияти зиёд дорад.

"Агар порлумон номзади моро қабул кунад, ману Бабанов дар интихоботи порлумонӣ ширкат нахоҳем кард. Мо ба хотири он чунин тасмим гирифтем, ки интихоботи шаффофу воқеӣ баргузор кунем ва қудратро ба ҳукумати интихобӣ таслим намоем. Ҳукумати муваққат аз афроди нав таъсис мешавад ва мо талош мекунем, ки кишварро аз буҳрон берун орем", - гуфт Токтоғозиев.

Ин дар ҳолест, ки сиёсатмадори дигар Содир Жапаров худро сарвазири Қирғизистон медонад. Аъзои эътилоф гуфтанд, Жапаров сарвазири қонунӣ нест, аммо метавонад, дар баробари дигарон даъвогари курсии сарвазирӣ бошад.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр ва пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумат боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои мухолиф дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Ин ҳамоиши эътирозӣ ба задухурд миёни сокинон ва кормандони пулис анҷомид.

Дар натиҷа шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.

XS
SM
MD
LG