Ссылки доступа

Дар Қирғизистон санаи баргузории интихоботи нави порлумониро то 6 ноябр таъйин мекунанд


Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон сана интихоботи нави порлумониро то 6 ноябр муайян хоҳад кард.

Комисияи марказӣ ҳамзамон эълом кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз буҳрони баъдиинтихоботӣ қонунгузории интихобот тағйир дода хоҳад шуд. Ба вижа, меъёри 7 дарсадии раъйи мардум барои ворид шудан ба порлумон ва ҳаҷми гарави интихоботӣ кам карда хоҳад шуд.

Ба ин манзур Комисия рӯзи 7 октябр аз порлумон хост, ки масоили зерро баррасӣ кунад:

· масъалаи кам кардани меъёри зарурӣ барои ворид шудан ба порлумон ва ҳаҷми гарави интихоботӣ;

· масъалаи тағйири қайди ҷойи зист дар остонаи интихобот;

· масъалаи танзими қонунии иштироки аҳзоби сиёсие дар интихоботи такрорӣ, ки амалкардашон боиси бекор шудани натиҷаҳои интихобот шуд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, шикояти 12 ҳизби сиёсӣ – "Бир Бол", "Чон Казат", "Республика", "Мекенчил", "Реформа", "Ийман Нуру", "Ота Макон", "Мекен Интимагӣ", "Бутун Қирғизистон", "Ордо", "Ҳизби сиёсии иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон ва задухурдҳои мусаллаҳонаи дигари маҳаллӣ" ва "Сотсиал-демократӣ" ба Додситонии кул ва Вазорати умури дохилии Қирғизистон фиристода шавад. Дар ин шикоят дархост шудааст, ки ба қонуншиканиҳои ҳизбҳои "Биримдиқ", "Мекеним Қирғизистон" ва "Қирғизистон" баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

КМИР Қирғизистон аз аҳзоби мазкур хостааст, мавод ва видеоҳоеро, ки қонуншиканиҳоро тасдиқ мекунанд, ба додситонӣ ва вазорат фиристанд.

XS
SM
MD
LG