Ссылки доступа

Дар Туркманистон шаҳрвандоне, ки ҷаримаро намесупоранд, пахта мечинанд


Arhiwden alnan illýustrasiýa suraty
Arhiwden alnan illýustrasiýa suraty

Дар минтақаҳои Туркманистон кормандони пулис шаҳрвандонеро, ки барои напӯшидани ниқоби тиббӣ боздошт мешаванд, маҷбур мекунанд, ҷаримаро бидуни талаби расид (квитансия) пардохт намоянд.

Ҳамчунин шахсоне, ки бо сабабҳои гуногун боздошт мешаванд, иҷборан ба пахтачинӣ фиристода мешаванд.

"Дар шаҳри Марӣ кормандони пулис ногаҳон дар истгоҳҳо ҳозир шуда, шахсони бениқобро боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Як моҳ пеш сокинонро барои надоштани ниқоб 21 манат ҷарима мекарданд. Ҳоло ин ҷарима 51 манат шудааст. Боздоштшудаҳоро маҷбур мекунанд, ки пули ҷаримаро дар маҳалли боздошт супоранд, вале ҳеч гуна расиде намедиҳанд ва шаҳрвандон ҳам бовар надоранд, ки пули ҷарима ба буҷаи давлат меравад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Дар баробари шаҳрвандони бениқоб дучархасаворони бетоскулоҳ ва афроде ҳам дастгир мешаванд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамоку ё нос мекашанд ва ё дар ҳолати мастӣ қарор доранд.

"Агар онҳо пули ҷаримаро надошта бошанд, иҷборан ба пахтазорҳои ноҳияи Оғузхон сафарбар карда мешаванд", - афзуд хабарнигор.

XS
SM
MD
LG