Ссылки доступа

Натиҷаҳои интихоботи президентро дар Тоҷикистон имрӯз эълом мекунанд (видео)


Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба поён расид ва натиҷаҳои аввали онро соати даҳи рӯзи 12-уми октябр эълон хоҳанд кард.

Дар ҳоле ки бархе аз сокинон аз кам будани шумори раъйдиҳандаҳо ва вуҷуди тақаллуб дар нуқтаҳои овоздиҳӣ хабар доданд, масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, ки маъракаи сиёсӣ “мувофиқ ба ҳама меъёрҳо” гузаштааст.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот гуфт, танҳо дар нӯҳ соати баргузории интихобот беш аз 70 дарсади раъйдиҳандаҳо ё тақрибан севум миллион нафар овоз доданд ва интихобот баргузоршуда аст.

Ин интихобот дар ҳоле баргузор шуд, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон онро таҳрим карда, дастикам ду созмони мухолифон дар хориҷа онро ғайриқонунӣ номидаанд.

Кумисюни марказии интихобот гуфт, 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдоранд. Ба иттилои расмӣ, дар нӯҳ соати раъйдиҳӣ тақрибан севуним миллион нафар овоз додаанд.

Дар Тоҷикистон 3375 нуқтаи интихоботӣ ва дар хориҷа 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.

Интихоботро 145 нозири байналмилалӣ аз панҷ давлат, шаш созмони байналмилалӣ ва ҳашт сафорати муқими Душанбе назорат кардаанд. Дар миёни нозирон, аз ҷумла 7 намояндаи дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба САҲА ҳастанд.

Барои иштирок дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон 5 нафар номзад ҳастанд:

Абдуллоев Мироҷ аз Ҳизби коммунист (бори аввал)

Ғаффорзода Абдуҳалим аз Ҳизби сотсиалист (бори севум)

Латифзода Рустам аз Ҳизби аграрӣ (бори аввал)

Раҳматзода Рустам аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (бори аввал)

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократӣ (бори панҷум).

Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG