Ссылки доступа

Кумисюни интихоботӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 90.92 % раъйҳоро ба даст овард ва пирӯз шуд (видео)


Эмомали Рахмон
Эмомали Рахмон

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард, ки раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 11-уми октябр 90.92 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, пирӯз шудааст.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар нафар раъй додаанд.

Ӯ афзуд, ки аз миёни чаҳор номзади дигар, ки дар интихобот ширкат доштанд, Рустам Латифзода, аз Ҳизби аграрӣ пас аз Эмомалӣ Раҳмон раъйи бештар гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ба тарафдории Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ 3,03 дарсади мардум ва ё бештар аз 127 ҳазор нафар раъй додаанд. Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби Коммунистӣ 1.17 дар сад ва ё раъйи бештар аз 49 ҳазор нафарро ба даст овардааст. Ба тарафдории Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист 1.49 дар сад Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 2.15 дар сад овоз додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода гуфт, ки доир ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар интихобот гузорише нагирифтаанд, ҳарчанд Радиои Озодӣ дар бораи раъйдиҳӣ аз номи дигарон хабар ва далелҳои возеҳ ба даст овард.

Яке аз корбарон бо номи Фирдавс аз ҷумла дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ҷое, ки раъй дод, бесарусомонӣ ба назар мерасид. Ӯ навиштааст: “Ягон феҳрасти сокинон нест, яъне ҳар кас метавонад, биёяд ва раъй диҳад. Агар ман ба 10 қитъаи овоздиҳӣ рафта, 10 бор раъй диҳам, касе парво надорад. Марзро боз кунед, ман ба Русия меравам ва дигар барнамегардам.”

Теъдоде аз корбарон қабл аз рӯзи интихобот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам навиштанд, ки ҳеҷ даъватномае барои ширкат дар интихобот нагирифтанд. Раиси Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки дар ин корзори сиёсӣ 4 миллиону 221 ҳазор нафар ширкат карданд, аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботро таҳрим кардааст, мақомотро ба дурӯғгуӣ муттаҳам кард.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук бо муроҷиат ба раиси ҷумҳур, Маҷлиси олӣ ва Комиссияи марказии интихобот гуфт, эълони комиссия, ки гуфт, то соати 15 тақрибан 71 дар сади мардум раъй додаанд, дурӯғ аст.

Ӯ навишт: "Шумо бояд объективӣ ва хоксортар бошед. Шумо наметавонед, ба ин дараҷа ба дурӯғгӯӣ ва тақаллуб машғул шавед. Ин ба кӣ лозим аст?»

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ интихоботро ғайриқонунӣ номидаанд. Паймони Миллии Тоҷикистон як эътилофи гуруҳҳои мухолиф низ моҳи сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки "интихобот ғайриқонунӣ аст, чун ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад."

Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад, ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

Ширкати чаҳор нафар номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз аҳзоби дигарро, ки ҳама аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур ҳимоят мекунанд ва ҳеҷ баҳсу мунозираи сиёсӣ ҳам надоштанд, намоишӣ номида ва гуфтаанд, ки онҳоро фақат барои “рақобатӣ ва демократӣ” вонамуд кардани интихобот ба ин корзори сиёсӣ ҷалб кардаанд.

Нозирони интихоботи аз кишварҳои дӯст бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои муштаркулманофеъ мисли солҳои пешина гуфтаанд, ки интихобот бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Аммо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки гуруҳи хурде аз нозиронашро ба Тоҷикистон фиристодааст, дар арзёбии интихоботи порлумонии моҳи март гуфт, ки ин корзор орӣ аз рақобати воқеӣ буд ва “мухолифони воқеиро аз саҳнаи сиёсӣ берун карда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бори аввал соли 1994 ва дар замони авҷи ҷанги панҷсолаи дохилӣ раиси ҷумҳур интихоб шуд, 26 сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳукумат мекунад. Солҳои ахир ӯро барои саркӯб кардани мухолифони боқимонда, маҳдуд кардани озодии баён, фишор ба расонаҳои мустақил танқид мекунанд.

Бо вуҷуди муноқишаҳои пароканда дар чанд соли гузашта, дар Тоҷикистон сулҳ ва суботи пойдор мондааст, вале ба гуфтаи таҳлилгарон мушкилоти иқтисодӣ, таназзул дар соҳаи маорифу паст рафтани сатҳи дониш, муҳоҷирати корӣ аз хатароти афзоянда ба ояндаи кишвар далолат мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, аҳолии 9 миллион нафарии Тоҷикистон, ки бештар аз нисфаш ҷавонон ҳастанд ва хотирае аз ҷанги вайронгар надоранд, бекории фарогир Раҳмонро зери фишор мегузорад, то чораҳое барои ислоҳи вазъ ва беҳтар кардани вазъи мардум биандешад. Чанде аз раҳгузарон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз президенти оянда чӣ мехоҳанд ва чӣ интизороте доранд.

Интихобот имсол дар замони пандемияи бемории COVID-19 сурат гирифт ва Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки тамоми чораҳои заруриро барои роҳ надодан ба густариши вирус андешидааст. Ҳарчанд дар баъзе аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ қабл аз вуруд, ҳарорати бадани мардумро месанҷиданд ва дастони онҳоро бо маҳлул безарар мекарданд, вале фосилаи иҷтимоӣ на дар ҳама қитъаҳо риоят мешуд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот коронавируси нав ба бештар аз 10 000 нафар сироят карда ва 79 нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG