Ссылки доступа

Қирғизистон аз буҳрони ахири сиёсӣ 8 млрд сом зарар дидааст


Эътилофи миллии анҷуманҳои тиҷории Қирғизистон бо нашри изҳороте гуфт, буҳрони сиёсии ахир боиси қатъи фаъолияти бештари сармоягузорони хориҷӣ ва хисороти ҳангуфт дидани корхонаҳои коркарди маъдан дар ин кишвар шудааст.

"Гуфтугӯҳо бо сармоягузорони хориҷӣ роҷеъ ба нақшаҳояшон дар Қирғизистон ба ҳам заданд. Бино ба маълумоти пешакӣ, беш аз 20 қарордоду лоиҳаҳои тиҷорӣ ба маблағи наздики $210 миллион доллар бекор шуд. Ин боиси афзоиши сатҳи бекорӣ ва сахттар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.

Тибқи ҳисоби пешакии эътилоф, вазъи ахир аллакай боиси аз даст додани 8 миллиард сом ё наздики 104 миллион доллар даромад дар саросари Қирғизистон шудааст.

Эътилоф аз тамоми неруҳои сиёсии Қирғизистон даъват кардааст, ки ба созиш бирасанд ва вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонанд. Ҳамчунин хостааст, баъди ба эътидол омадани вазъ зидди ғасбҳои рейдерӣ ва тақсими моликият дар сатҳи қонунгузорӣ чора андешида шавад.

Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон баъди эъломи пирӯзии чор ҳизби наздик ба ҳукумат дар интихоботи порлумонии 4 октябр дар шаҳри Бишкек тазоҳурот баргузор карданд, ки ба занозанӣ миёни сокинон ва кормандони пулис печид. Дар натиҷа эътирозгарон бинои ҳукумат, порлумон ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб ва сиёсатмадорони зиндониро озод намуданд.

Яке аз ин сиёсатмадорон Содир Жапаров аст, ки бо вуҷуди эътирози як қатор ҳизбҳо сарвазири нави Қирғизистон таъйин шуд. Ҷонибдорони Жапаров мегӯянд, раҳоии ӯ қонунӣ буд ва Додгоҳи олии ин кишвар низ вайро сафед кард. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки аз сӯи эътирозгарон боздошт шуда буд, дубора ҳабс гашт.

XS
SM
MD
LG