Ссылки доступа

Ҷонибдории Алишер Усмонов аз барномаи "русидонкунӣ"-и хонандагони узбек


Тошканд ва Москва роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Узбекистон ба созиш расиданд.

Вазоратҳои маорифи Узбекистону Русия ва бунёди хайрияи олигархи узбектабор Алишер Усмонов -- "Санъат, илм ва варзиш" барномаи муштаракеро ба имзо расонданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи омӯзонидани забони русӣ ва фанҳои дигар бо ин забон дар мактабҳои Узбекистон равона шудааст.

Ҳайати Русия барои имзои ёддоште дар робита ба лоиҳаи муштараки иҷрои барнома 11 октябр аз шаҳри Тошканд боздид кардааст.

Дар марҳалаи аввал 32 мутахассиси рус барои муайян кардани сатҳи забондонии омӯзгорон ва хонандагон ба Узбекистон рафтааст.

Интизор меравад, соли 2021 100 мутахассиси дигари рус ба Узбекистон бираванд. Бино ба хабарҳо, ҳамасола 100 мутахассис ба Узбекистон хоҳад рафт.

"Худи ман мактаби русиро хатм кардаам. Бинобар ин, аз ташаббуси дарозмуддату стратегии ҳукумат ва вазорати маорифи Узбекистон, вазорати маорифи Русия роҷеъ ба омӯзонидани русӣ дар ватани ман ҷонибдорӣ мекунам. Бовар дорам, ин на танҳо дастгирии маориф, балки дастгирии анъанаҳои умумӣ ва истеъдодҳои мо аст. Ин ташаббус комёб ва миёни шаҳрвандони Узбекистон серталаб хоҳад буд", - изҳор дошт Усмонов дар муроҷиати видеоии худ, ки дар маросими имзои созишнома намоиш дода шуд.

Вазири маорифи Узбекистон Шерзод Шерматов ҳам 6 октябр гуфта буд, ки ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар мактабҳои ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG