Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, Герман таъкид кардааст, ки СММ ҳамеша шарики боэътимоди Ҷумҳурии Қирғизистон буд ва мемонад, он ҷонибҳоро ба ҳалли босуботи вазъи баамаломада даъват мекунад ва бар ин аст, ки феълан, маҳз Сооронбой Ҷеенбеков раисҷумҳури қонунӣ, намояндаи ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар ба шумор меравад.
“Изҳори умед карда шуд, ки президент метавонад дар доираи заминаҳои ҳуқуқӣ ва бо дастгирии тамоми неруҳои сиёсӣ, қишрҳои мухталифи аҳолӣ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон роҳи дурустеро барои давлат пайдо кунад. Дабири кулли СММ Гутерриш вазъиятро назорат мекунад ва дар изҳоротҳои 6 ва 9 октябр вай бори дигар омодагии СММ-ро барои мусоидат ва пайдо кардани роҳҳали берун шудан аз вазъи буҳронӣ дар доираи раванди конститутсионӣ, аз ҷумла баргузор кардани интихоботи нави парлумонӣ ва ҳарчӣ зудтар ба эътидол омадани вазъи иқтисодии кишвар изҳор дошт”, - гуфта мешавад дар хабари ВКХ.
Ба таъкиди Айдарбеков, президент тамоми талошҳои худро ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба фазои ҳуқуқӣ овардани равандҳои сиёсии баамаломада равона мекунад.
Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.
Инчунин, як қатор сиёсатмадор ва мансабдорони собиқ, аз ҷумла Содир Ҷапаров, ки 10 октябр ба маснади нахуствазир таъин гардид, аз маҳбасҳо раҳо гардиданд. Вазъ ҳанӯз ба эътидол наомадааст, зеро неруҳои сиёсӣ ба як қарори воҳид омада наметавонанд.
Шаби 9 октябр Соронбой Ҷеенбеков дар як изҳорот гуфт, “ҳар вақте кишвар ба масири қонунӣ баргардад”, омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. 10 октябр бархе аз вакилони Жогорку Кенеш дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ҳайати ҳукуматро бо раҳбарии Содир Ҷапаров тасдиқ намуданд.
Аммо як рӯз баъд, 11 октябр қисме аз дигар вакилон, фаъолони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқшиносон изҳор доштанд, ки тасмимҳои гирифташуда қонунӣ нестанд ва зарур аст, ки ҷаласаи парлумон аз нав гузаронда шавад. Худи Содир Ҷапаров дар нишасти хабарие пас аз таъин шуданаш гуфт, расман ба кор шурӯъ мекунад.