Ссылки доступа

Тихановская аз Лукашенко хост, то 25 октябр аз мақомаш канор равад


Номзади пешин ба мақоми президентии Белорус Светлана Тихановская гуфт, иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозӣ дар ин кишвар ба Александр Лукашенко то 25 октябри соли равон муҳлат медиҳанд, ки ҳамаи талабҳоро иҷро кунад.

Тавре дар гуруҳи Тихановская дар Телеграм навишта шудааст, Лукашенко, ки бар асоси натиҷаи интихоботи 9 август дубора президенти Белорус эълом шуд, бояд то 25 октябр аз мақомаш канор равад. Ҳамчунин қатъи хушунат зидди тазоҳургарон ва раҳоии эътирозгарони боздоштшуда низ талаб шудааст.

Ба навиштаи Тихановская, агар ин талабҳо иҷро нашаванд, аз 26 октябр дар тамоми корхонаҳои давлатӣ корпартоии миллӣ оғоз шуда, тамоми роҳҳо баста хоҳанд шуд.

"Шумо барои иҷрои ин се шарт 13 рӯз муҳлат доред. Мо низ барои омода шудан 13 рӯз дорем", - навиштааст Тихановская. Ӯ иддаои мақомот дар бораи баргузории "муколама"-ро рад карда, амали онҳоро "террори давлатӣ" номид. Вай бори дигар аз кормандони мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқи Белорус даъват кард, ки "ба ҷониби мардум гузаранд".

Дар Белорус ҳудуди ду моҳ инҷониб эътирозҳо идома доранд. Эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи Белорус дар интихоботи президентии 9-уми август Александр Лукашенкоро баранда эълон кард.

XS
SM
MD
LG