Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултон осорхонаи Нурсултон Назарбоев боз шуд


Назарбаев центр и музей первого президента в городе Нур-Султане. 31 августа 2020 года.
Назарбаев центр и музей первого президента в городе Нур-Султане. 31 августа 2020 года.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон осорхонае боз шуд, ки ба номи президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев гузошта шудааст. Масоҳати осорхона 40 ҳазор метри мураббаъ буда, дар канори китобхона - "Маркази Назарбоев" ҷойгир аст.

Дар пойтахти Қазоқистон қаблан низ осорхонае бо номи Назарбоев фаъолият мекард. Он дар қисмати қадимии шаҳр, дар қароргоҳи нахустини президенти пешин дар шаҳри Остона ҷойгир ва масоҳаташ хурдтар - 12 ҳазор метри мураббаъ буд.

Ҳоло ашёи осорхонаи мазкурро ба бинои нав, дар канори китобхонаи президенти нахустини Қазоқистон кӯчониданд. Ҳар ду бино, дар наздикии қароргоҳи президент дар кӯчаи ба номи Алихон Бокейхон ҷойгиранд.

Бунёди Осорхонаи Назарбоев ҳанӯз дар соли 2018 дар ҳудуди боғи Назарбоев оғоз шуда буд. Бинокорон ба хотири он маҷбур шуданд, ҳудуди 2 ҳазор дарахтро ба ҷои дигар шинонанд. Фармоишгари бино Бунёди президенти нахустини Қазоқистон аст.

Корҳои сохтмонии бинои осорхона тобистони соли равон ба поён расида, дарҳои осорхона ахиран боз шуданд. Осорхона тамоми рӯзҳои ҳафта, ба ҷуз аз рӯзи душанбе боз буда, даромадан ройгон аст.

Ибтидои моҳи июли соли равон дар Донишгоҳи миллии дифоии шаҳри Нурсултон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев ҳам қомат афрохт.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чандин муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Назарбоев, ки ба 80 даромадааст, моҳи марти соли гузашта, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ ба мазҳари ом ҳозир намешавад ва 3 июл хабар доданд, ки вай аз коронавирус шифо ёфт. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG