Ссылки доступа

Занозании вакилони Қирғизистон дар қароргоҳи давлатӣ


Баъди интихоби сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумонӣ дар қароргоҳи давлатӣ дар минтақаи "Ал-Арча", вакилон мебоист, ҷаласаро идома диҳанд.

Раиси ҳизби "Бир Бол" Олтинбек Сулаймонов пешниҳод кард, ки тарҳи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонунгузории интихоботӣ баррасӣ шавад, аммо ба далели ҳузур надоштани шумори зарурии вакилон ин пешниҳод қабул нагардид.

Ибтидо дар толори маҷлис байни вакилон баҳси лафзӣ сар зад, баъдан вакилон Олтинбек Сулаймонов ва Канат Керезбеков ба утоқи алоҳидае рафтанд ва занозанӣ карданд. Ин занозаниро рӯзноманигорон ба навор гирифтанд.

Вале баъди он ки аз утоқ берун шуданд, вакилон гуфтанд занозание сурат нагирифтааст.

Олтинбек Сулаймонов пешниҳод дорад, ки шартҳои ширкат дар интихоботи порлумонӣ сабуктар карда шаванд.

XS
SM
MD
LG