Ба ин далел, Uzbekistan airways тақрибан ба марҳилаи фалаҷшавӣ наздик шудааст. Фурудгоҳҳо ба ихтисори кормандони худ пардохтаанд. Дар фурудгоҳи байналхалқии "Термиз"-и Узбекистон ин хабарро тасдиқ карданд. Ба иттилои масъулони фурудгоҳ, ба далели набуди парвозҳо ба Русия фурудгоҳ холӣ шудааст.
Мақомоти ширкати Uzbekistan airways мегӯянд, мусофирони ин кишвар асосан ба шаҳрҳои Русия парвоз мекарданд.