Ин воксина низ ба монанди аввалӣ пеш аз марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи бақайдгирии воксинаи дувум президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар хабар дод.
Воксина “ЭпиВакКорона” номгузорӣ шудааст. Марказе, ки онро сохт, барои коркарди силоҳи кимиёӣ таъсис ёфта буд, вале ҳоло тобеи Роспотребнадзор аст.
Нашрияи "The Bell" моҳи июни соли равон навишт, “Вектор” яке аз ду бозингари асосии бозори Русия мебошад, ки барои сохтани воксинаи зидди коронавирус талош дорад. Нашрия аз бозингари дувум Маркази ба номи Н. Ф. Гамалей ном бурд, ки воксинаи худ - “Спутник V”-ро аллакай дар моҳи август ба қайд гирифт. Он низ пеш аз марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба қайд гирифта шуда, раванди озмоиши оммавиаш мавриди интиқоди коршиносони ғарбӣ қарор гирифт.
Коршиносон гуфтанд, бақайдгирӣ ва истифодаи оммавии воксина пеш аз марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ хатарзо аст.
Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс”, интизор меравад, дар марҳалаи севуми санҷиши “ЭпиВакКорона” то 40 ҳазор бемор иштирок кунанд. Бино ба маълумоти сомонаи Covid-19 vaccine tracker, ҷамъан дар ҷаҳон 36 воксина аз озмоиши клиникӣ мегузаранд.