Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон истеъфо дод


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар робита ба вазъи пешомадаи сиёсиву иҷтимоӣ ба мардумаш муроҷиат кард.

Ба гуфтаи вай, вазъ дар кишвар, ба вижа дар шаҳри Бишкек ҳамоно шадид аст.

"Дирӯз порлумон ҳайати ҳукуматро тасдиқ кард ва ман қарор дар бораи таъйини кадрҳоро имзо кардам. Аммо ин боиси коҳиши шиддат нашуд. Мутаассифона, хушунат фурӯ наменишинад. Талаби истеъфои фаврии ман идома дорад. Вазъи кунунӣ ба ҷанги ду ҷониб наздик аст", - гуфт Ҷеенбеков.

Вай гуфт, аз як сӯ эътирозгарон ва аз сӯи дигар мақомоти қудратӣ қарор гирифтаанд. "Низомиён ва мақомоти қудратӣ вазифадоранд, ки барои муҳофизаи қароргоҳи давлатӣ аз силоҳ кор гиранд. Дар чунин ҳолат хунрезӣ хоҳад шуд, аз ин ҷои гурез нест. Ман аз ҳар ду ҷониб даъват мекунам, ки ба иғво дода нашаванд. Барои ман сулҳу оромӣ дар Қирғизистон, ягонагии кишвар, муттаҳидии мардум ва оромии ҷомеа аз ҳар чизи дигар болотар аст. Барои ман гаронтар аз ҳаёти ҳар сокини кишвар ҳеч чизи дигаре нест", - илова кард президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон.

"Ман қудратталаб нестам. Намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте ёдовар шавам, ки хунрезӣ кардаву мардуми худро парронда аст. Ба ҳамин хотир тасмим гирифтам, ки итсеъфо диҳам", - гуфт Ҷеенбеков.

Вай аз Жапаров ва дигар сиёсатмадорон даъват кард, ки ҷонибдоронашонро аз пойтахт берун баранд ва ҳаёти осоиштаи сокинони Бишкекро таъмин кунанд.

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Эътирозгарон Содир Жапарови зиндониро аз ҳабс раҳо карданд ва ҷонибдорони вай талаб карданд, ки Жапаров сарвазир таъйин шавад. Рӯзи 14 октябр порлумони Қирғизистон ҳайат ва сохтори ҳукумати навро бо сарвазирии Жапаров тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG